Дар вилояти Хатлон давоми се моҳи соли равон 18 корхонаи саноатӣ бунёд шудааст, ки баъди ба истифода додани онҳо  201 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

Аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода намуда, дар ин самт ба дастовардҳо ноил шудааст.

— Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ дар вилоят ба 2 миллиарду 16 миллион сомонӣ расид, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 304,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 17,8 фоиз ва бо нархҳои муқоисавӣ 15,7 фоизро ташкил медиҳад, — гуфтанд аз ин шуъба.

Итилоъ дода шуд, ки ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои аз кор бозмонда дар якҷоягӣ бо соҳибмулки онҳо тадбирҳо андешида, то имрӯз корхонаҳои “Дилкушо”, ҶДММ ”Бофанда”, “Сомон ҒМ” ва “Самар” дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Муъминобод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ фаъолияташонро дубора эҳё карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here