Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар барои занону мардони корҷӯ макони махсус бунёд карда мешавад. Ин макон метавонад занони корҷӯро аз гармиву сардӣ эмин нигоҳ дорад.

Сармеъмори бахши меҳмонӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода гуфт, ки дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар, наздики терминали мусофиркашонӣ барои 150 нафар зану марди корҷӯ дар масоҳати 0,04 га замин бо дастгирии ҳукумати шаҳр ва соҳибкорон макони болопӯшида сохта мешавад.

Занони корҷӯ

Бояд гуфт, ки солу соатҳои тулонӣ зиёда 200 нафар зану марди корҷӯ дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ҷамъ меоянду аз пайи ризқу рӯзии худ мешаванд. Орзуи ягонаи онҳо ин таъмини ҷойи кори доимӣ набуда, балки макони мувофиқи болопӯшида аст, ки билохир амалӣ хоҳад шуд.

Даҳҳо нафар зани корҷӯ зимни суҳбат гуфтанд, ки аз бунёди макони нави болопӯшида шоданд, зеро соатҳои тулонӣ зери нурҳои сӯзони офтоб ва барфу борон буданду азият мекашиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here