Раиси шаҳри Норак ва ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомиву Хуросони вилояти Хатлон аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи раисони ноҳияи Ҷомӣ ва Хуросон муовинони аввалашон ҳамчун иҷрокунандаи раиси ноҳия таъйин шудаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Хуросон хабар дод, ки Сафарзода Раҳматулло аз вазифаи раиси ноҳия сабукдӯш шуда, ба ҷойи ӯ муовини аввали раиси ноҳия Илҳом Аҳмадзода ҳамчун иҷрокунандаи раиси ноҳия таъйин гардидааст.

Ҳамчунин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ иттилоъ доданд, ки раиси раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ёқубзод Саид низ аз мансаб барканор карда шуда, ба ҷойи  ӯ Раҳимзода Сафар, ки то ин вақт ҳамчун муовини раиси ноҳия кор мекард, вазифаи иҷрокунанди раиси ноҳияро ба уҳда гирифтааст. Саид Ёқубзод 5 майи соли 2019 ба вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъйин шуда буд.

Ҳоло ба вазифаи наве  таъйин карда шудани Сафарзода Раҳматулло ва Ёқубзод Саид маълум нест.

Ҳамчунин раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода  аз вазифа сабукдӯш шуда ба вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил таъйин гардидааст. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норакро Дилшод Асозода бар уҳда дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here