Соли гузашта ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли вилояти Хатлон 36 ҳазору 253 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 29 ҳазору 739 ҳазораш ба қайд гирифта шуда, ба 18340 нафар мақоми бекор дода шудааст.

Ин нукта зимини нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон гуфта шуд.

Дар соли 2018-ум 22 ҳазору 447 нафар ба корҳои доимӣ таъмин карда шудаанд. Ҳамчунин 5907 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбӣ шудаанд.

Дар нишаст зикр гардид, ки дар ин давра ба 4336 нафар сокини вилоят ёрии пулӣ ба маблағи 2,5  млн сомонӣ дода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here