Рӯзи 31-уми декабри соли гузашта як зани 31-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар тавалдхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе панҷгоник таваллуд кард.

Ба  тифлони панҷгоник Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хатича ном гузоштаанд, гуфтааст Мамат Бобоев, бобои тифлони навзод, зимни суҳбат бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки барои муборакбодӣ ба хонадони онҳо дар деҳаи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён ташриф овард.

Аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ки раиси вилоят аз аҳволи модару фарзандон пурсон шуда, ба ин оила туҳфаҳои пулию молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расонидааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон дастур додаст, ки дар навсозии манзили истиқоматии тифлони панҷгоник мусоидат намуда, пас аз ба хона овардани онҳо, навзодон зери назорати ҳамарӯзаи табибон қарор бигиранд.

Ҳамчунин, аз шӯъбаи мазкур гуфтанд, ки бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба дидорбинии модари фарзандони панҷгоник Дилноза Мамадова ба Душанбе рафтааст.

Фирӯза Шарифӣ аз аз ҳолу аҳволаш модари панҷгоникҳо пурсон шуда, ёрии моддию пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расонидааст.

Ёдовар мешавем, ки сокини 31-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар арафаи Соли нави мелодӣ 5 фарзанд ба дунё овард, ки чунин рӯйдод бори аввал дар таърихи вилояти Хатлон сабт шудааст.

Айни ҳол модари тифлони панҷгоник Дилноза Мамадоваи 31-сола, ки сокини ноҳияи Қубодиён Хатлон аст, бо кӯдакони навзодаш дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таҳти муроқибати табибон қарор дошта, вазъашон хуб арзёбӣ мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here