Соли гузашта дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазору 340 қонуншиканӣ дар самти замин ошкор шудааст, ки афроди қонуншикан ба маблағи 2 миллиону 35 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.
— Майдони умумии заминҳои ғайриқонунии истифодашуда 5 ҳазору 320 гектарро ташкил медиҳад, мегуяд сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилоят Мирзохон Менгилиқулов. — Барои бартараф намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ аз тарафи нозирони Идораҳои замини шаҳру ноҳияҳо 6 ҳазору 347 адад дастурҳои муҳлатнок дода шуд, ки дар натиҷа 5 ҳазору 515 ададаш дар майдони 3 ҳазору 764 гектар бартараф карда шуд, — илова кард мусоҳиби мо.
Ҳамчунин, ӯ афзуд,ки барои роҳ додан ба қонуншикании замин нисбати 5 ҳазору 186 нафар парванда тартибу дода шуда, ҷарима таъйин гардид, 2 миллиону 35 ҳазору 335 сомониро ташкил мекунад.
Иттилоъ дода шуд,ки аз 6 ҳазору 347 қонуншикании рухдода дар самти замин 502 ҳолати онро ишғоли худсаронаи замин дар майдони 97 гектар ташкил медиҳад.
— Қонуншикани бештар дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Ёвон, Шаҳритуз, Норак, Вахш Кушониён, Носири Хусрав, Ҷалолидини Балхӣ, Левакант, Ҷайҳун, Қубодиён, Ҷомӣ ва шаҳри Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст – гуфт Мирзохон Менгилиқулов.