Соли гузашта аз вилояти Хатлон ба кишварҳои хориҷа 96,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум 4,9 ҳазор тонна зиёд аст.

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар ин сол ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 12 милиарду 837,4  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, раиси вилоят афзуд, ки дар ин давра дар вилояти Хатлон 14 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ, 1 неругоҳи барқи обӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, 18 майдончаи варзишӣ ва дигар иншоти маишиву хизматии сохта ба истифода дода шуд.

Зимни нишаст раиси вилоят гуфт, ҳоло дар вилояти Хатлон 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳоли амалишавианд, ки маблағи азхудшуда 416,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Раҳмоналӣ Додархуҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here