Дар вилояти Хатлон соли 2019-ум 3 ҳазору 720 нафар сорбозе, ки аз хизмати ватан баргаштанд, 2 миллион сомонӣ ёрипулӣ гирифтаанд.
Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Файзулозода Қобил гуфт, ки соли гузашта ба 5 ҳазору 321 нафар бекори дар қайдбуда ёрипулӣ таъйин гардида, аз он ба 4 ҳазору 361 нафар ёрипулӣ ба маблағи 2,4 миллион сомонӣ пардохт карда шудааст.
Ба гуфти ӯ, аз шуморае, ки ёрипулӣ гирифтаанд, 164 нафар аз кор озодшуда, 477 нафар маҳбус ва 3 ҳазору 720 нафари диагрро ҷавонони аз сафи қувваҳои мусалаҳ баргашта ташкил медиҳанд.
— Аз ҳама бештар, яъне 2 миллион сомонӣ ёрипулиро ҷавонони аз хизмат баргашта гирифтаанд, — илова кард ӯ.