Дар вилояти Хатлон айни замон 28 иншооте мавҷуданд, ки сохтмонашон солҳои дароз  нотамом боқӣ мондаанд.

Сардори  Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абдулвоҳид зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки 28 иншоот асосан дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзиш мебошанд, ки сохтмонҳояшон аз солҳои 2007-ум  оғоз шудаву то ҳол ба анҷом нарасидаанд.

— Иншооти мазкур дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Хуросон, Кӯшониён ва ба ин монанд дар дигар шаҳру ноҳияҳо  ҳастанд, — илова кард ӯ.

Зикр шуд, ки омилҳои ба таъхир афтодани иншооти мазкур саривақт маблағгузорӣ нашудан аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here