Аз ҷониби кормандони Муассисаи давалтии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон ва хоҷагиҳои ҷангал дар шаҳру ноҳияҳо дар се моҳи соли 2020-ум 240 нафар барои буридани ғайриқунонии дарахтон, шикори ғайриқонунӣ, чидани гиёҳҳои шифобахш ва чорвочаронии худсарона дар ҷангалзорҳо ба маблағи 71 ҳазору 134 сомонӣ ҷарима шуданд.
Муовини директори Муассисаи давалтии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувватали Назиров гуфт, ки аз ин шумора 177 адади онро нозирони ҷангали вилоят ошкор кардаанд.
— Аз санадҳои тартибдодашуда 129 санадаш буридани ғайриқонунии дарахтон, 22 санад чорвочаронии худсарона дар ҷангалҳо, 18 санад ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш ва 7 санади дигар барои шикори ғайриқонунии кабк ва дигар ҳайвонҳои нодир тартиб дода шудааст,-илова кард ӯ.
Манбаъ гуфт, ки бештар қонуншиканиҳо аз ҷумла буридани дарахтон, шикор ва чидани гиёҳои шифобахш дар минтақаи Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст.
— Баҳри пешгирӣ ва ҳифзи ҷангал аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон ва хоҷагиҳои ҷангал дар шаҳру ноҳияҳо миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзур карда шудааст, — қайд кард Қувватали Назиров.