Соли гузашта 11 корманди ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон, ки бе асос аз кор ронда шуда буданд, дубора ба корашон баргаштанд.
Дирӯз дар нишасти хабарӣ ёрдамчии раиси Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон Ҳабибулло Раҳматов қайд кард, ки соли 2019-ум 725 нафар корманди ташкилоту идораҳо ва дигар ашхос ин ниҳод муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 11 нафарашон маъюбон ва 28 нафари дигар нафақахӯрон будаанд.
— Аз муроҷиати онҳо мо тавонистем, 11 нафар корманди ташкилоту идораҳоро, ки зӯран аз кор ронда шуда буданд, дубора ба корашон баргардондем. Ҳамчунин, рухсатпулии як корманди дигар,ки аз ҷониби корфармо напардохта шуда буд, рӯёнидем, — афзуд ӯ.
Мутассифона, ҷаноби Ҳабибулло Раҳматов натавонист бигӯяд, 11 нафаре, ки дубора ба корашон барқарор шуданд аз кадом ташкилоту идораҳо буданд.