Бо сабаби хатарзо будани кӯлу дарёҳои ҳудуди вилоят, ҳамчунин кам ва ё тамоман набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва бе масъулиятии баъзе волидон, давоми 6 моҳи соли 2019-ум 10 нафар ҳангоми оббозӣ дар кӯлу рӯдхонаҳои вилоят ғарқ шуданд, ки 6 нафарашон ноболиғ мебошанд.

Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи холатҳои фавқулода ва мудофиааи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон  Муҳиддинов гуфт, ки шумораи ғарқшудагон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар кам мебошад.

Ба гуфти ӯ, омили асосии ғарқшавии сокинон дар кулу рӯдҳои вилоят ин риоя  накардани қоидаҳои шиноварӣ, беназорат мондани кудакони ноболиғ аз тарафи падару модарон мебошад.

Зикр карда шуд, ки баҳри пешгирӣ аз ғарқшавии сокинон аз тарфи Раёсати мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ, миёни аҳолӣ, масҷидҳо ва дигар ҷойҳо гузаронида мешаванд.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Абдуллозода Фариза иттилоъ дод, ки айни замон дар ҳудуди вилоят беш аз  30 ҳавзи шиноварӣ фаъолият доранд, ки мутаасифона, ин теъдод дар фасли гармо талаботи сокинонро қонеъ кардан наметавонанд. Барои зиёд кардани шумораи ҳавзҳои шиноварӣ, масъулон бо мақомоти маҳал ва соҳибкорон ҳамкорӣ карда, ният доранд, ки дар оянда шумораи ҳавзҳои шиновариро зиёд кунанд.

Бояд гуфт, ки вилояти Хатлон яке аз вилоятҳои гармтарини кишвар ба ҳисоб рафта, гармии ҳаво дар ин минтақа то ба 50 дараҷа расидааст. Сокинон барои гурез аз гармии шадид бештар ба соҳили кӯлу дарёҳо шитобида, қисме аз онҳо аз риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва шино дар рӯдхонаҳое, ки дар онҳо оббозӣ манъ аст, ғарқ мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here