«Сомон Эйр» чархболи нави Ми-8АМТ-и истеҳсоли Русия харидорӣ кард. Чархбол дар корхонаи авиатсионии Улан-Удэи холдинги “Вертолёты России” (Чархболҳои Русия) истеҳсол шудааст. Дар ин бора ба Faraj.tj сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Тимур Бандишоев хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нахустин парвози санҷишии чархболи нави Ми-8АМТ дар Тоҷикистон аз ҷониби озмоишгарони корхонаи истеҳсолкунанда дар арафаи 96-умин солгарди авиатсияи граждании Тоҷикистон дар масири Душанбе-ВМКБ-Душанбе анҷом дода шуд. Дар ҷараёни он имкониятҳои техникии чархбол дар шароити душвори куҳистон, парвоз ва фуруд дар нуқтаҳои таъинотӣ озмуда шуданд.

Гуфта мешавад, ки Mи-8AMT бо эътимоднокӣ ва гуногунҷанбаӣ фарқ мекунад. Чархбол дар шароити гуногуни иқлимӣ, аз ҷумла намии баланд, ҳарорати паст, шамоли сахт ва туман худро хуб нишон додааст. Чархболи Mи-8AMT барои иҷрои вазифаҳои гуноногун -аз интиқоли мусофирону борҳои калонҳаҷм то амалиётҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ мутобиқ мебошад. Чархбол имкони интиқоли то 24 нафар мусофирро дошта, иқтидори борбардориаш то 4 тонна ва дурии парвозаш то 800 км мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ми-8АТМ ягона чархболи Сомон Эйр намебошад. Моҳи октябри соли 2019 ширкати Сомон Эйр чархболи нави Airbus H125-ро харидорӣ намуд.

— Чархболҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ дар кишвар, таблиғи табиат, мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дар доираи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ шудаанд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд ва чархболи Ми-8АМТ натанҳо дастоварди ширкат, балки саҳми арзандае дар рушди соҳаи сайёҳӣ хоҳад буд, — афзуд Тимур Бандишоев.

Ёдовар мешавем, ки то инҷониб парки ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр аз ду адад ҳавопаймои Boeing 737-300, 2 адад Boeing 737-800, 2 адад Boeing 737- 900 ва аз як адад  чархболи H125 иборат буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here