Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода мегӯяд, ки довталабонро ба кор тариқи озмун қабул мекунанд ва озмунҳо шаффоф баргузор мешаванд. Ин дар ҳолест, ки баъзан овозаҳое ҳастанд, ки гӯё бе шиносбозӣ дар мақомоти қудратӣ ба кор қабул гардидан имкон надорад.

Каримзода имрӯз, 30-юми июл, дар нишасти матбуотии ниҳодаш ин овозаҳоро рад кард ва гуфт, барои исботи фикраш дар мавриди шаффоф баргузор гардидани озмунҳо дар Хадамоти гумрук метавонад иштироки рӯзноманигоронро таъмин созад.

Номбурда, ҳамчунин, гуфт, дар пайи аттестатсияи ахири кормандон 118 нафарро аз кор озод карда, гурӯҳеро ба вазифаҳои поинтар таъин кардааст, ки миёнашон аз корманди оддӣ то сардорони дидбонгоҳи марзӣ низ будаанд.

Каримзода аз озмуни ахир дар Хадамоти гумрук ёдовар гардида гуфт, дар таърихи озмунҳои хадамот бори аввал аст, ки аксарияти ҷойҳои корӣ холӣ монданд.

— Дар озмуни мазкур 69 воҳиди корӣ эълон шуда буд ва 105 нафар ҳуҷҷат супориданд. Аксарияти довталабон бо сабаби паст будани сатҳи дониш аз озмун нагузаштанд, — гуфт сардори Хадамоти гумрук.

1 бинависед

  1. Медонем, ки сад пратсент шаффофанд озмунхои шумо, лекин мо таго надорем да.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here