Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки муҳлати сабти симкортҳои мобилии шаҳрвандон бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 дигарбора тамдид нахоҳад шуд ва бовар дорад, он то 15-уми феврали соли равон ба анҷом расонида хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин, дар кишвар 5 миллиону 132 ҳазор симкорти фаъол вуҷуд дорад ва то имрӯз танҳо 3,2 миллион муштарӣ симкортҳояшонро бо шиносномаи нав аз қайд гузаронидаанд.
Муовини раиси хадамоти мазкур Илҳомҷон Атоев 27-уми январ дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, Хадамоти алоқа ҳамкориро бо ширкатҳои мобилӣ ва дигар ниҳодҳои марбута зич ба роҳ мондааст ва, ҳамчунин, тамоми шароитҳо барои дар муҳлати муқарраргардида сабт кардани симкортҳо фароҳам оварда шудааст.
Атоев афзуд, раванди азнавбақайдгирӣ феълан идома дорад, он дубора тамдид карда намешавад ва то рӯзи 15-уми феврал ба анҷом расонида хоҳад шуд.