Ҳодисаи дар симтӯр бастану оташ задани сокини ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ Осия Зулфоноваи шашсола, ки мақомот дар содир кардани ҷиноят се ноболиғи маҳаллиро гумонбар  медонад, ҷомеаро сахт нигарон кардааст.

 

Нигаронии президент аз ҳодисаи оташ задани Осия

Ҳодиса 5 рӯз қабл, 19-уми июн, дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (наздики дарвозаи Боғи миллӣ), замоне рух дод, ки модар Осияро ба хонаи бибияш оварду худ ба шаҳр, барои муоинаи тиббӣ рафт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат, рӯзи 21-уми июни ҳафтаи гузашта аз ҳодиса нигаронӣ карда, ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Олимзода Насим Хоҷа супориш додааст, то табобати кӯдакро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад. Мақомоти тафтишотӣ низ дастур гирифтаанд, ки сабабу омилҳои ҷиноятро мушикофона таҳқиқ кунанд.

 

Бобои Осия: Бачаҳоро ба милиса таслим кардем, вале онҳоро озод карданд

Бурҳон Зулфонов, бобои Осия, 3 рӯз баъд аз ҳодиса, дар беморхона, ба “Фараж” қазияро шарҳ дода, норозигӣ кард, ки онҳо ҳамон рӯз, 19 — уми июн, гумонбаронро ба милиса таслим кардаанд, вале рӯзи дигар ҳамсояҳо занг зада гуфтаанд, ки бачаҳо бо сагашон дар деҳа мегарданд. Ин дар ҳолест, ки аз ШВКД Сино-2-и шаҳри Душанбе гуфтанд, гумонбарон “ҳатто ноболиғ нестанд, кӯдаканд. Баёноташон гирифта шуд. Парванда дар прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди тафтиш қарор дорад”.

 

Гумонбарон ҷиноятро ба гардан намегиранд

Фаррух, хонандаи синфи 4-и МТМУ рақами 67-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, ки яке аз гумонбарон дар оташ задани Осия аст, рӯзи шанбе, 22-юми июн, бо ризояти модар, дар суҳбат бо мо гуфт, ӯ замони рух додани ҳодиса бо Умед (гумонбари дигар) набудааст.

— Ман дар лагери деҳа будам. Умед маро фарёд кард. Ба берун баромадам. Умед бо сагаш буд. Ӯ гуфт, рафтем, як чизро ба ту нишон диҳам. Ман розӣ нашудам. Ӯ сагашро ба ҷониби ман амр кард. Гуфт, ки агар бо ман наравӣ, саг туро мегазад. Ман тарсидам ва бо ӯ рафтам. Вақте Умед маро ба ҷои ҳодиса бурд, он ҷо касе набуд. Фақат камтар алафҳои сӯхта буд. Ман бо Умед ҷӯра нестам. Ӯ аз ман калон аст, дар синфи 8 мехонад. Доим ба хонаамон омада, маро фарёд мекунад, ки агар бо вай наравам, сагашро ба ҷонибима амр медиҳад, — гуфт бо тарсу ларз Фаррух.

Модари Фаррух гуфт, аз дасти Умед ҳама шиферҳои хонааш шикастанд. Ҳар рӯз омада Фаррухро фарёд мекунад, агар ӯ берун набарояд, боми хонаашонро сангборон мекунад.

— Ҳангоми борон ба дохили хуҷраҳо об мечакад. Намедонам, чӣ кор кунам. Чанд бор Умед бо кордча ба сарамон омад, ки агар Фаррух бо вай наравад, ӯро дарёб кунад, мекушад. Касе ба додамон намерасад. Писарам ба санъат шавқ дорад ва дар мактаб табл мезанад, — гуфт модар.

Ба гуфтаи модар, рӯзи аввал, ки фарзандашонро ба милиса бурданд, бо шавҳараш он ҷо буданд. Дар шоҳидии онҳо писараш пурсида шуд. Фаррух бо Умед буданашро (замони содиршавии ҷиноят) рад кард, вале муфаттиш, ки ҷараёни пурсишҳо қайд мекардааст, ба онҳо иҷозати шинос шуданро бо баёнот надодааст ва онҳо зери он имзо гузоштаанд.

— Муфаттиш гуфт, аҳволи духтарак нағз аст, дар суд танҳо ҷарима мешавед ва маблғи табобати ҷабрдидаро медиҳед. Мо як оилаи камбизотем. Ин қадар пули калонро аз куҷо меёбем? – бо гиря гуфт модари Фаррух.

 

Умед: Ҳамаш дурӯғ! Гугирдро бо як сомонӣ хариданд. Ман накардам!

Гуфтаҳои Фаррух ва модари ӯ дар ҳолест, ки Умед ҳамаи иттиҳомотро нисбаташ рад мекунад ва онро дурӯғ мегӯяд.

Умедро дар хонаашон дар ҳоли бозӣ бо сагаш дарёфтем. Ӯ аз сагаш чунон навозишу меҳрубонӣ мекард, ки ҳатто баъзе модарон бо фарзандаш намекунанд. Сагро мебӯсид, молиш медод…

Модари Умед, Гулдаста Очилдиева, мегӯяд, дар ноҳияи Фирдавсӣ гулпарвар аст. Аз шавҳар ҷудо бо ду писараш зиндагӣ мекунад.

— Калонӣ дар Русия аст, аммо бо хӯрдӣ ҳоли зор дорам. Умед дар синфи 8, дар интернати ноҳияи Ҳисор мехонад. Замони таваллуд сари писарашро фишор додаанд ва ӯ ба фишори косахонаи сар гирифтор аст. Тамоман гапро намефаҳмад. Кораш фақат сагбозӣ  аст. Бо ҷӯрааш тирезаву сандуқҳояро шикаста, чизу чораро хонаро бурда фурӯхтааст. Ба масъулини ноҳияи Рӯдакӣ чанд бор муроҷиат карда, ҳоҳиш кардам, ки ӯро аз духтур гузаронида, ба муассисаҳои кӯдакони душвортарбия ҷой диҳанд, вале масъулин ин корро накарданд ва гуфтанд, ки ҷой надорем, бигзор дар хамон интернати Ҳисор хонад. Корд гирифта, худамро чанд бор таҳдид ба куштан кард. Бо табақ ба баногӯшам. Қариб гӯшам канда мешуд.  Дуздӣ мекунад. Ҳамсояҳо ҳам аз ӯ шикоят мекунанд. Намедонам, чӣ кор кунам. Рӯз ба рӯз аҳвол бадтар мешавад. Умед фақат аз тағояш метарсад, ки дар ҳамсоягиям зиндагӣ мекунад. Агар набошад, бо ӯ ҳеҷ кор карда наметавонем, — гуфт Гулдаста Очилдиева.

Бо волидони писарбачаи гумонбари дигар, ки аз ӯ Юсуф ном бурданд ва ӯ ҳам дар синфи чор, дар мактаби номбурда таҳсил мекунад, суҳбат анҷом дода натавонистем. Чун аз пайдо шудани журналистон дар деҳа огоҳ шуданд, дарвозаро аз дарун маҳкам карда, накушоданд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки чанд дақиқа пеш аз ҳавлӣ овозашон меомадааст. Аз падари Юсуф Тоҷиддин Шарифов ном бурданд, ки шахсони бо мартабаи деҳа будааст.

Феълан нисбат ба ҳодиса дар прокуратураи ноҳияи Сино парванда боз шуда, мавриди таҳқиқ қарор дорад. Суоли баҳсбарангез ба ин маврид он аст, ки дар ҳоле, ки ягон нафар ҳолати оташ задани Осияро аз ҷониби писарбачаҳо надидааст ва гумонбарон ҳам ба гуноҳашон эътироф накардаанд, оё метавон сабабу омилҳои ҷиноятро беғаразона дақиқ кард?

Ёдовар мешавем, ки қаблан аз Маркази тиббии рақами 3-и шаҳри Душанбе дар суҳбат ба «Фараж» гуфтанд, ки Осия Зулфоноваи шашсола рӯзи 19-уми июн, тахминан соати 12-и рӯз, бо ҷароҳатҳои аз оташ сӯхтаи бадан қабул карда шудааст.

Мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази мазкур Тоҳир Зубайдов гуфт, бемор дар ҳолати умумии ниҳоят вазнин, бо сӯхтани 65 дарсади бадан дар шуъбаи эҳё ва наҷоти бемористон бистарӣ аст.

— Табобати бемор аз ҳисоби дорувории беморхона ва дастгирии Фонди хайриявии «Лона» идома дорад. Тақрибан 40 дарсади ҷароҳатҳои бадани кӯдак ҷароҳатҳои чуқур мебошанд. Баъд аз ворид шудани бемор мо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз ҳодиса хабардор кардем. Намояндагони прокуратура ва милиса фавран омада, баёноти волидони беморро гирифтанд. Айни ҳол бемор зери назорати ҷиддии табибон аст. Мо ҳар коре, ки аз дастамон меояд, анҷом дода истодаем. Худованд мададгорамон бошад, ният дорем, ки беморро табобат карда, ба назди падару модар ҷавоб диҳем, -гуфт табиб.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here