Мурофиаҳои судӣ аз рӯи парвандаи дуздӣ ва оташ задани хонаи судяи собиқи ноҳияи Панҷ Қурбониён Тоҷиддин дар Суди вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбист.

Тавре ки аз Суди вилояти Хатлон иттиллоъ доданд, дар курсии айбдорӣ ҳафт нафар сокинони ноҳияи Панҷ нишастаанд, ки ба қавли тафтишоти пешакӣ, пас аз як рӯзи боздошти судя Тоҷиддин Қурбониён барои порагирӣ аз ҷониби кормандони Агентии зидди коррупсияи вилояти Хатлон даст ба дуздӣ ва оташ задани хонаи ӯ задаанд.

Пас аз он ки намояндагони Агентӣ Қурбониёнро бо худ бурданд, шаби рӯзи баъдӣ, 21-уми июн, хонааш, ки дар ҳудуди ҷамоати Озодагон воқеъ аст, оташ гирифт. Қурбониён, ки худ зодаи ноҳияи Панҷ нест, дар ин манзил зиндагии доимӣ надоштааст ва шаби оташсӯзӣ касе дар хона набудааст.

Аз идораи оташнишонии ноҳияи Панҷ дар суҳбат ин оташсӯзиро ғайримуқаррарӣ гуфтанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, доманаи сӯхтор васеъ набудааст ва то омадани сӯхторхомӯшкунандагон он аллакай аз ҷониби ҳамсояҳо хомӯш карда шудааст.

— Азбаски он шаб ҷиҳози пурқиммат, аз қабили телевизор, яхдон ва дигар ашёҳои гаронбаҳо дар хона набуданд, ин ҳолат ба дуздӣ ва оташ задан шабоҳат дошт. Аз ин рӯ, дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳия нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шудааст ва мавриди таҳқиқ қарор дорад. Намояндагони мо муайян намуданд, ки оташ аз болои кати хобе, ки дар кунҷи хона буд, сар задааст ва метавон гуфт, ки сӯхтор сохта аст, зеро ягон нишонаи расиши кутоҳи барқ дар ноқилҳо ба мушоҳида нарасид, — гуфта буданд он замон аз ин ниҳод.

Гуфта мешавад, судя Қурбонов Тоҷиддин чанд сол боз дар Суди ноҳияи Панҷ фаъолият мекунад ва бештар бо парвандаҳои оилавӣ машҳур аст. Наздикони ҷавононе, ки аз оилаҳояшон ҷудо шудаанд, аз гаронии алименти муайянкардаи судя шикоят мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here