Дар ҳодисаи сӯхтани Осия Зулфонова дар шаҳри Душанбе ноболиғ Очилдиев Сунатуллои 13-сола гунаҳкори асосӣ дониста шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар қазияи сӯхтани ин духтарак тафсилоти нав пайдо шудааст. Бино ба иттилои бадастомада Очилдиев Сунатуллои 13-сола, сокини деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, дар оташ задани Осияи 6-сола нақши асосӣ дошааст ва номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст.

Дар айни замон ноболиғ Очилдиев Сунатулло, ки ба бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мубтало будааст, дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорштааст. Дар хабар омдааст, ки сагҳои ӯ безарар гардонида шудаанд.

19-уми июн, тахминан соати 11:30, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ноболиғ Осия Зулфоноваи 6-сола бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан дар Беморхонаи шаҳрии №3 бистарӣ гардида буд, ки хабарнигори мо аз ин ҳодиса хабар дод. Дар ин ҳодиса се нафар ноболиғ гунаҳкор дониста мешуданд.

Ҷабрдидаро пизишки маъруф аз Олмон Эдгар Бимер ҷарроҳӣ кард ва вазъи саломатии ӯ феълан вазнини миёна, аммо муътадил гуфта мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here