Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2019” дар Минск бо қаҳрамонии дарвозабони даста Муҳриддин Ҳасанов ва нишонзанҳои хубаш бар дастаи наврасони Булғористон ғалаба кард.
Вақти асосии ин мусоюиқа мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт, ҳарчанд бозигарони мо аввалин шуда гол заданд ва бартариро дар даст доштанд. Ҳарифон аз як ҳолати стандартӣ истифода карда, ҳисобро баробар карданд. Дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра футболбозони навраси мо маҳорати баланд нишон доданд – 4:3. Дарвозабони дастаи наврасони мо Муҳриддин Ҳасанов 2 тӯби ҳарифонро баргардонд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои ҷои панҷум имрӯз бо дастаи наврасони Исландия вохурд. Ин бозӣ имруз, соати 12:00 бо вақти Душанбе, оғоз шуд ва бо ҳисоби 2:1 бар нафъи ҳарифон ба охир расид. Дастаи мо зинаи шашумро касб кард.
Дар финал дастаҳои Белорус ва Исроил бозӣ мекунанд, барои ҷои сеюм Гурҷистон ва Словакия мубориза мебаранд.
Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.