Аз ҷониби ширкатҳои гази ду кишвар дар ҷараёни музокироти ба наздикӣ дар пойтахти Ӯзбекистон бавуқӯъомада созишномаҳои пешакӣ оид ба таъмини гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон қабул шудааст.

«Дар айни замон мо дар ин самт кор мекунем ва пешниҳодоти ҷониби Ӯзбекистонро оид ба хароҷоти газ баррасӣ мекунем. Умедворем, ки интиқоли гази моеъ аз кишвари ҳамсоя дар наздиктарин моҳ барқарор хоҳад шуд, — гуфтааст манбаи АИ «AП» аз «Тоҷиктрансгаз».

Намояндаи ширкати «Тоҷиктрансгаз» нархи хариди газро ифшо накардааст. Бо вуҷуди ин, қайд кардааст, ки арзиши пешниҳодшуда аз нархи ҷаҳонии газ хеле паст аст.

Гуфта мешавад, ки нархи ҷаҳонӣ ҳоло барои 1000 метри мукааб газ тақрибан 300 долларро ташкил медиҳад.

Ӯзбекистон интиқоли газро ба Тоҷикистон тариқи лӯлаҳо соли 2012 қатъ карда буд. Он замон далели инро норасоии захираҳои ин маводи сӯхт эълон карда буданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here