Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар вохӯриҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 бар дастаи футзали Афғноистон бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад ва пеш аз муҳлат ба даври финалии ин мусобиқӯа роҳ ёфт.

Даври интихобии чемпионати Осиё оид ба футзал дар минтақаи марказӣ  ва ҷанубӣ дар гурӯҳи «В» дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии исломии Эрон идома дорад. Футзалчиёни тоҷик баъди ғалабаи ниҳоят душвор бо натиҷаи 4:3 бар дастаи мунтахаби Афғонистон ба комёбӣ ноил шуданд.

Ҳисоб дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ кушода шуд. Зарбаи сахти Файзалӣ Сардоровро муҳофизатгари афғонҳо Акбар Козимӣ нодуруст баргардонд ва тӯб вориди дарвозаи худи онҳо гардид. Дар дақиқаи 9-ум футболбозони афғон ҳисобро баробар карданд. Дар навбати худ Шавкат Ҳалимов боз як ҳуҷуми  барқвори футзалчиёни тоҷикро бобарор анҷом дод ва ҳисобро ба 2:1 расонд. Дар дақиқаи 14-ум Муҳсин Ризоӣ аз нав ба бозӣ тавозуни баробарӣ гузошт ва дастаҳо ба танаффус рафтанд.

Дар қисми дуюми вохӯрӣ, баъди он ки капитани дастаи мунтахаби Афғонистон Маҳдӣ Ҳошимӣ дар муқобили ҳамлагари мо Файзалӣ Сардоров дағалона бозӣ кард, довари хитоӣ Лиу Ҷианқиао бо корти дуюми зард  ӯро аз майдон ронд,  вале бозингарони мо ин ду дақиқаро боманфиат истифода бурдан натавонистанд. Дар дақиқаи 39-ум ва 40-ум ба Дилшод Саломов ва Некрӯз Алимаҳмадов муяссар гардид, ки ҳисобро 4:2 кунанд. Голи дар лаҳзаҳои охири бозӣ задаи Алӣ Ҷаъфарӣ  танҳо ҳисобро дигар кард, аммо ба натиҷа таъсире нарасонд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон новобаста ба натиҷаи бозии охирини гурӯҳ бо чемпиони Осиё — дастаи мунтахаби Эрон, ки имрӯз баргузор мегардад, ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал, ки соли оянда дар Тайбейи Хитой баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Эрон дар бозии ифтитоҳии гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Афғонистонро бо ҳисоби 8:2 шикаст дода, ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои финалиро ба даст оварда буд.

Дар гурӯҳи «А»-и бозиҳои минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ  дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here