Дар шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон фестивали байналмилалии ҳунармандй оғоз шуд. Дар доираи ин фестивал мусобиқаҳои футбол низ роҳандозй хоҳанд шуд, ки дар он дастаи футболи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон ширкат мекунад.

Футболбозони тоҷикро дар марзи миёни ду кишвар ноиби президенти футболи вилояти Фарғона Носир Отақӯзиев, президенти клуби футболи “Қӯқанд-1912” Бахтиёрҷон Толипов, мудири шӯъбаи матбуот ва маркетинг Акрамчон Мамадалиев ва дигарон бо тантана ва шукӯҳи хос истиқбол гирифтанд.

Ҳоло футболбозони “Хуҷанд” машғули тамрин мебошанд. Гуфта мешавад, шароите, ки барои онҳо дар ин шаҳр фароҳам оварда шудааст, қобили ситоиш мебошад.

Аввалин бозие, ки дар варзишгоҳи марказии ин шаҳр баргузор мегардад, байни дастаҳои “Қӯқанд 1912” (Ӯзбекистон) ва “Хуҷанд” (Тоҷикистон) ба анқша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд як гурӯҳ меҳмонони тоҷикистонй низ ширкат доранд.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири махсуси “Фараж”, шаҳри Қӯқанд, Ӯзбекистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here