Дастаи мунтахаби ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозӣ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Ӯзбекистон дар доираи вохӯриҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018 бо натиҷаи 1:0 дастболо шуд ва ба даври финалии ин мусобиқа роҳ ёфт.

Ин вохӯрӣ шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Голи ягонаро баъди задани зарбаи ҷаримавии футболбозони тоҷик аз канори майдон муҳофизатгари меҳмонон Дилшод Саидов ба дарвозаи худ зад. Ин дар қисми дуюми вохӯрӣ сурат гирифт.

Баъди ин ғалаба ҷавонони тоҷик бо 10 имтиёз ба зинаи якуми ҷадвал баромаданд ва соҳиби роҳхат ба Индонезия, ки даври финалии мусобиқа дар он ҷо мегузарад, шуданд.

Ҷ

 Дастаҳо

В

Ғ

М

Б

Т\т

И

1

Тоҷикистон

4

3

1

0

12-0

10

2

Ӯзбекистон

4

3

0

1

17-1

9

3

Банғола

4

2

1

1

5-1

7

4

Малдив

4

0

1

3

2-14

1

5

Шри-Ланка

4

0

1

3

2-22

1

Ба ғайр аз дастаи ҷавонони Тоҷикистон ба даври финалии ЧО-2018 дастаҳои Аморати Араб, Қатар, Арабистони Саудӣ, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Вйетнам, Ҷопон ва Австралия аз гурӯҳҳои худ бо гирифтани ҷойи якум роҳ ёфтанд. Дастаҳои мунтахаби ҷавони Ироқ, Тайланд, Ҷумуҳурии халқӣ-демократии Корея, Тайбэйи Чин ва Малайзия бо нишондиҳандаҳои хуб аз зинаи дуюм соҳиби роҳхат ба Индонезия гардиданд. Тоҷикистон ягона дастаест, ки аз Осиёи Марказӣ ба ин мусобиқа роҳ ёфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here