Имрӯз футболбозони олимпии Тоҷикистон бозии дуюи дӯстонаи худро бо дастаи Аморати Араб баргузор мекунанд. Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бар дастаи олимпии Аморати Араб дар бозии якуми санҷишӣ, ки шоми 8 март баргузор гашт, ғалаба карда буд.

Бозии гузашта дар варзишгоҳи “Мактум Бин Рашид Ал-Мактум”-и Дубай баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи шогирдони Усмон Тошев хотима ёфт. Голро ҳуҷумкунандаи дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев дар дақиқаи 18 ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 77 дарвозабони дастаи Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев зарбаи пеналтиро баргардонд.

Имрӯз, соати 18:40 бо вақти Душанбе, дастаҳо боз як бозии дигари санҷишӣ баргузор мекунанд.

Ҷамъомади машқӣ дар Дубай барои дастии олимпии Тоҷикистон охирин марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 маҳсуб мешавад. Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “F”, ки 22-26 март дар Тошканд доир мешавад, дастаи мунтахаби олимпии мо бо дастаҳои Ҳиндустон (24 март) ва Узбекистон (26 март) бозӣ мекунад.

Бозиҳои рафиқона

АМА (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 0:1

Гол: Шериддин Бобоев, 18.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here