Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии якуми марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022-ро дар гурӯҳи “F” пирӯзӣ ба даст овард. Футболбозони Қирғизистон буданд, ки меҳмони Душанбе шуданд ва як гол сар доданду шикаст хӯрданд.

Дар бозии хонагӣ шогирдони мураббии бухороӣ Усмон Тошев бар дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро навбозигари даста Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 42-юм ба ҳадаф расонд ва бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ дониста шуд. Бозиро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 17800 нафар тамошо карданд.

Баъд аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби Қирғизистон мутахассиси русиягӣ Александр Крестинин гуфт, ки соҳибони майдон ғалабаи сазовор ба даст оварданд. Вай аз ғафлати шогирдонаш ва хуб бозӣ накардани онҳо изҳори ҳайрат кард, аммо гуфт, ки ҳанӯз аввали кор аст ва ҳама чиз тобистони соли оянда маълум хоҳад шуд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев аз бозии шогирдонаш қатоатманд буданашро изҳор дошт ва гуфт, ки дар баробари ин камбудиҳо низ ҷой доштанд, ки дар оянда омӯхтаву бартараф хоҳанд шуд.

Алишер Ҷалилов низ таассуртори худро аз бозии аввалинаш дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар баён дошт ва гуфт, ки бо пероҳани дастаи миллии ватан бозӣ кардан боиси ифтихор аст. Ӯ голи задаашро ба президенти клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе Шоҳрух Саидов, ки чанд рӯз пеш зодрӯз доштааст, бахшид.

Дар бозии дигари гурӯҳи “F” мунтахаби Муғулистон бар дастаи Мянма бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Дар даври дуюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими мунтахаби Муғулистон бозӣ мекунад. Ин дидор 10 сентябр дар Улан Батор сурат мегирад. Оғози бозӣ — соати 14:00 бо вақти Душанбе.

Чемпионати ҷаҳонии футбол-2022

Ҷоми Осиё-2023

Марҳилаи дуюм

Гурӯҳи «F»

Даври якум

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Алишер Ҷалилов, 42.

Муғулистон – Мянма – 1:0

Гол: Дулгуун Амараа, 17.

Бозиҳои оянда:

Даври дуюм

10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон – Тоҷикистон

Мянма – Ҷопон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here