15-уми октябр дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври гуруҳии марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар майдон худ бо дастаи мунтахаби футболи Ҷопон, ки муддаии асосии ғолиб дар гурӯҳи “F” аст, ба майдон баромад. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе буд, ки бо беш аз 19 000 тамошобин шоҳиди ин бозӣ шуд.

Ин даври чоруми вохӯриҳо дар ин гуруҳ буд, ки Тоҷикистон бо Ҷопон ва Қирғизистон бо Муғулистон бозӣ мекарданд. Дастаи Мянмар дар ин давр истироҳат кард.

Қисми аввали бозии дастаҳои Тоҷикистону Ҷопон бе задани гол анҷом ёфт ва мухлисон умед доштанд, ки қисми дуюм ҳам ба ҳамин минвол идома меёбад, аммо сармураббии Ҷопон Ҳаҷимэ Мориясу ин хел нақша надошт. Вай дар танаффус ба шогирдонаш чӣ дастуре дод, ки онҳо дар қисми дуюм ба дарвоази Рустам Ятимов, ки воқеан дар ин бозӣ қаҳрамониҳои зиёд нишон дод, се гол заданд. Ду голро Такуми Минамино, ҳамоне ки дар ҳайати «Залсбург» бар муқобили «Ливерпул» бозӣ кард ва яке аз беҳтарин муҳофизатгарони футболи олам Вирҷил ван Дейкро ба зону нишонд, зад. Як голи дигарро Такума Асано ба ҳадаф расонд.

Ҳаҷимэ Мориясу аз бозии футболбозони тоҷик васф кард ва гуфт, ки пирӯзӣ ба ӯву шогирдонаш ба осонӣ ба даст наомадааст.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев гуфт, ки шогирдорнаш ҳамаи кӯшишашонро дар ин бозӣ карданд ва дар маҷмӯъ ӯ аз бозии бачаҳо қанотманд буданашро изҳор кард. «Вохӯрӣ бо Ҷопон то кунун аз беҳтарин бозии мо ба ҳисоб меравад», — гуфт сурмураббӣ.

Дар бозии дигари гурӯҳ Қирғизистон дар сафар бар дастаи мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Тоҷикистон дар сафар Муғулистонро бо натиҷаи 1:0 мағлуб карда буд.

Баъд аз чор давр дастаи мунтахаби Ҷопон бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “F” қарор дорад. Қирғизистон бо 6 имтиёз ва шумораи зиёди голҳо, ки ба дарвозаи Мянмар зада буд, дар зинаҳои дуюм аст. Тоҷикистон низ 6 имтиёз дорад, ки Қирғизистону Муғулистонро мағлуб карда буд, аммо таносуби тӯбҳояш кам аст, зеро пирӯзиҳояш бо натиҷаи камтарини 1:0 буд.

Моҳи ноябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ду бозӣ анҷом медиҳад. 14 ноябр дар Янгон муқобили Мянмар ва 19 ноябр дар Бишкек бо Қирғизистон бозӣ мешавад ва баъд то моҳи марти соли 2020 танаффус аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here