Дар сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон миёни Маркази кӯмакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон бо Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тибқи созишномаи мазкур Маркази кӯмакҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон барои дастгирии Лоиҳа ба кӯдакони ятим дар Тоҷикистон 719 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намуд. Ин Созишномаро кордори сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулло Собир ва директори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбонов ба имзо расониданд.

— Ин аввалин кӯмаки башардӯстонаи мо дар ин самт нест. Ҳамкориҳои мо бо Ҷамъяти мазкур чор сол боз идома дорад. Дар Тоҷикистон мо дар як қатор Лоиҳаҳоро амалӣ сохтаем, ки маблағи он беш аз 11 миллион долларро ташкил медиҳад,-гуфт Абдулло Собир.

— Тибқи Лоиҳаи мазкур 500 ятими кул ва нимятими вилояти Хатлон ба кӯмак фаро гирифта мешаванд. Ин Лоиҳа барои 12 моҳ нигаронида шудааст. Ба 500 ятими вилояти Хатлон ҳармоҳа ба микдори 970 сомонӣ (муодили 100 доллари амрикоӣ) кӯмакпулӣ дода мешавад. Барои ин дар Бонки Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” суратҳисоби махсус мекушоем. Руйхати ин ятимонро ба мо Ҳукумати вилояти Хатлон пешниҳод кардааст”,-гуфт Баҳодур Қурбонов ба хабарнигорон дар нишасти матбуотие, ки ба ин муносибат дар Сафорати Арабистони Саудӣ доир карда шуд.

Гуфта шуд, дар ин самт ин амал бахши аввали кор аст. Ба гуфтаи масъулин, дар оянда Фонди мазкур ин Лоиҳаро давом хоҳад дод ва он дар вилоятҳои Суғду Бадахшон , новоҳии тобеъи кишвар ва шаҳри Душанбе низ ба рох монда мешавад.

— Мувофиқи руйхати пешниҳодшуда, дар оянда 40 хазор ятими кул ва нимятим ба кӯмак фаро гирифта мешавад. Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе қисмати дуюми ин Лоиҳа амалӣ хоҳад шуд, ки он 700 ятимро фаро мегирад”,-гуфт Баҳодур Қурбонов, директори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.

1 бинависед

  1. Бадахшоних,о ба кумаки арабистоних,ои салафй-вах,х,обй нийоз надоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here