Агар Шумо бо хоҷагии қишлоқ машғул буда, сокини ноҳияҳои Ҷайҳун ё Панҷ ҳастед, ба Бонки Эсхата биёед, дар ин бонк фоизи қарзро дар доираи Иқдоми “Рушди кишоварз” нисбатан паст муайян кардаанд. Акнун фоизи қарз 27 %-и солонаро ташкил медиҳад.

Аксияи мазкур танҳо барои деҳқонони ноҳияҳои номбурда, ки бо кишти пиёзу сабзӣ дар мавсими тирамоҳ машғул хоҳанд шуд,  татбиқ гардидааст.  Коршиносони қарзии Бонк ба зудӣ таҳлили фаъолияти дархосткунандаро гузаронида, дар муҳлати кутоҳ қарз пешниҳод мекунанд. Маблағи қарз то 900 000 сомониро ташкил мекунад.

Манфиати ин намуди қарз дар он аст, ки мизоҷ фоизи қарзро барзиёд пардохт намекунад. Гирифтани қарз ба таври давравӣ (траншҳо) яке аз афзалиятҳои ин намуди қарз ба ҳисоб меравад, ки ба мизоҷ имконият медиҳад бори дигар пардохтпазирии худро санҷад.

Иқдоми “Рушди кишоварз” аз 21 август то 30 ноябри соли 2017  идома меёбад. Барои маълумоти иловагӣ ба рақами кӯтоҳи 808 занг занед, ё ба марказҳои хизматрасонии наздиктарин дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Панҷ муроҷиат кунед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here