Марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки корманди яке аз гармобаҳои пойтахт будааст, ҳаммомро ба макони фаҳш табдил дода, ба мизоҷон шароит барои алоқаи ҷинсӣ фароҳам меовардааст, ки ин амалаш фош шудааст.

20-уми август, ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, маъмурияти яке аз ҳаммомҳои пойтахт ҳамчун гумонбар дар ташкили фоҳишахона дастгир карда шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД ҶТ.

Номбурда рӯзи 20-уми августи соли равон, ҷойи кориашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон, ҷавони 23-сола ва ҷавондухтари 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ ҳақ гирифтааст.

Ҳамчунин, бо ҳамин роҳ рӯзи 20-уми августи соли равон, дар ҷойи кориаш ба марди 23-сола ва ҷавондухтари 17-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Тафтишот муайян намудааст, ки номбурда худи ҳамон рӯз, ҷойи кориашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон, марди 21-солаи пойтахт ва зани 19-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, марди 29-сола ва ҷавондухтари 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо низ 120 сомонӣ ҳақ гирифтааст.

Таҳқиқи ин қазияҳо идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here