Шаш тан боздоштшудаҳо аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 12-уми сентябр сухани охирини худро дар Суди олии Тоҷикистон гуфтанд ва аз судя хоҳиш карданд, ки нисбаташон ҳукми одилона ва аз рӯи инсоф барорад.
Гуфта мешавад, ки баррасии ин парванда махфӣ буда, муҳокимаи судӣ пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад.
Охири моҳи август айбдоркунандаи давлатӣ аз суд хостааст, ки нисбати собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки даст ба ҷиноят задаанд, аз 7 то 17 сол маҳбас тасдиқ карда шавад, зеро ба қавли ӯ гуноҳи онҳо пурра дайн гардидааст.
Ҳамин тавр, прокурор аз суд хостааст, ки Фирӯз Холмуродзода (собиқ сардори идораи тафтишотии Агентӣ) 17 сол, Фирдавс Абдуғаффорзода (собиқ муфаттиши идораи тафтишоти Агентӣ, Фирдавс Ниёзбадалов, домоди собиқ раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов) 15 сол, Амиршо Султонзода (собиқ сардори шӯъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе, ҷияни собиқ намояндаи парламенти ҶТ Саодат Амиршоев) 12 сол, Қосим Давлатов (собиқ сардори идораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар соҳаи нақлиёт) 7 сол, Афзалов 7 сол ва Сафаралӣ Ҳомидзода 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шаванд.
Қарори Суди олии ҶТ рӯзҳои наздик дар бораи ин ҷинояткорон бароварда мешавад.
Пеш аз ин Суди олӣ собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Давлатбек Хайрзодаро барои гирифтани пора айбдор ва ба муҳлати 10,5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.