Дар чемпионати ҷаҳонии футбол-2022 на 48 даста, балки чун пештара 32 дастаи мунтахаб ширкат мекунанд, хабар медиҳад вебгоҳи расмии FIFA.
Гуфта мешавад, ки Федератсияи байналхалқии футбол (FIFA) дар ҳамкорӣ бо ташкилкунандагони чемпионати ҷаҳон дар Қатар имкони то ба 48 даста зиёд кардани иштирорчиёнро баррасӣ кардаанд. Бо далели он, ки омодагӣ ба чемпионат ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст, барои таҷриба кардани ширкати 48 даста замони зиёде лозим аст. Бо ҳамин далел ва чун муҳлати ниҳоии қабули чунин қарор низ моҳи июни соли 2019 буд, тасмим гирифта шуд, ки шумораи дастаҳои ширкаткунанда зиёд карда нашавад.
Дар чемпионати соли 2026 дар мусобиқа 48 даста ширкат мекунанд.
ЧҶ-2022 аз 21-уми ноябр то 18-уми декабр дар Қатар баргузор мешавад. Даври интихобии он дар минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) 5-уми сентябри имсол оғоз мешавад. Ҳарифони дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ин давр дар қуръакашии рӯзи 17-уми июл маълум мешаванд.