Вазорати фарҳанги кишвар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Навозандагони ҷавон» ва «Рассомони наврас»-ро ҷамъбаст кард.

Чорабинии мазкур имрӯз, 24-уми декабр, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Айнӣ баргузор гардид.

Бино ба гуфтаи масъулин, дар даври аввали фестивал-озмун, ки аллакай сипарӣ шуд, 46 нафар мутриби наврас, яъне муҳассилини Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи Бӯйдоқов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Атоев, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Шаҳидӣ, мактабҳои мусиқии бачагонаи рақами 3 ва рақами 1 шаҳри Душанбе, мактабҳои санъати бачагонаи ноҳияҳои Файзобод ва Варзоб иштирок карда буданд ва аз миёни онҳо 20 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Иштирокдорон ҳунарашонро дар навохтани асбобҳои гуногуни мусиқӣ, ба монанди рубоб, рубоби прима, дутор, кларнет, най, фортепиано, доира, скрипка ва кселофон нишон доданд.

Дар бахши «Рассомони наврас» бошад, 50 нафар хоҳишманд аз Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи Олимов ва шаш мактаби санъати бачагона аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карда, асарҳои 10 нафарашон ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд.

Тавре дар оғози чорабинӣ масъулин иброз доштанд, чунин фестивал-озмунҳо минбаъд ҳам бо мақсади тарғибу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас дар соҳаи санъати мусиқӣ ва тасвирӣ, инкишофу шавқу завқи наврасон дар ин соҳаҳо, фароҳам овардани шароитҳои муносиб барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон байни наврасони лаёқатманд, инкишоф додани малакаҳои касбию ҳунарии онҳо ва омода сохтани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ гузаронида хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here