Аз 19-уми марти соли равон то имрӯз роҳи байни ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткенти Қирғизистон масдуд аст. Гуфта мешавад, ки ин кор бар асари пахши коронавирус сурат гирифтааст. Дар ҳамин ҳол бештар аз 200 сокини ин ноҳия аз имкони бозгашт ба Сӯх маҳрум мебошанд.

Онҳо тайи ин ду моҳ ба ин сӯ дар дар хонаҳои хешу табор ва дӯстони худ иқомат доранд. Ҳамчунин меҳмонхонаи “Лазар”-и соҳибкори сӯхиасл Ҳомидҷон Ҳомидов, ҳуҷраҳои корхонаи хусусии соҳибкори дигари сӯхитабор Тошметин Абдураҳмонов, воқеъ дар шаҳри Фарғона барои ин мусофирон ҷойҳои сукунати муваққатӣ маҳсуб меёбанд.

Гуфта мешавад, ки ҳокимияти вилояти Фарғона як ситоди вижа таъсис додааст. Аъзои ин ситод то анҷоми муддати карантин ва боз шудани гузаргоҳи Сӯх-Қадамҷой мусофирони бехонаву ҷойро ба ҷои иқомат ва маводи хӯрокворӣ таъмин мекунанд.

Ба наздикӣ ҳудуди 20 нафари онҳо  аз роҳи гуфтушуниди ғайрирасмӣ бо марзбонони қирғиз ба ноҳияи Сӯх баргардонида шудаанд. Тибқи хабарҳои расида чунин иқдом аз тарафи мақомоти марбутаи ҳарду кишвар сахт интиқод шудааст. Зеро дар шароити кунунӣ ҳар гуна равуои ғайрирасмӣ аз тариқи марзи кишварҳои ҳамсоя ба ду самти он хилофи қонун шумурда мешавад.

-Ин бозгаштагонро афроде ташкид мекунанд, ки дар бемористонҳои гуногуни вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва шаҳри Тошканд муолиҷа шудаанд. Онҳо минбаъд низ бояд дар фазои хубу ором таҳти муроқибати наздикону хешовандон қарор гиранд. Танҳо тайи ду моҳи охир тавонистаанд, ки ин шахсонро ба Сӯх баргардонанд. Боз як гурӯҳи дигар низ мебоист аз шаҳри Фарғона ба Сӯх бозгарданд, вале ин бор марзбонони кишвари ҳамсоя аз додани иҷозаи убури марзашон худдорӣ кардаанд,-мегӯяд ба мухбири “Фараж” муҳаррири рӯзномаи “Садои Сӯх” Содиқҷон Тоҳиров.

Вай афзуд, ки дар ҳамин ҳол аъзои ситоди назди ҳокимияти вилояти Фарғона саъй ва талош дорад, ки ба одамони бехонаву ҷой кумакҳои амалӣ расонанд. Ба гуфтаи Содиқҷон Тоҳиров 18 май як гурӯҳ шахсон, ки ҷои зист надоранд, бо супориши ҳокими вилоят  ба фароғатгоҳи “Зулол”-и минтақаи Чимёни ноҳияи Фарғона ройгон фиристода шуданд.

-Шояд аксарияти муштартиёни ҳафтавори “Фараж” огоҳ ҳастанд, ки ноҳияи Сӯх аз чаҳор тараф дар иҳотаи марзи Қирғизистон қарор дорад. Равуои мусофирони сӯхӣ ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ алҳол танҳо аз роҳи ягонаи Қадамҷо-Сӯх сурат мегирад. Ба далели карантин роҳ баста аст ва бисёриҳо ҳадс мезананд, ки 1 июн ин роҳ дубора боз мегардад. Худо кунад, ки ин ҳадс ба ҳақиқат табдил ёбад ва ҳамаи мо дубора ба Сӯх баргардем,-изҳор кард Содиқҷон Тоҳиров.

Ба таъкиди ӯ ду моҳ муқаддам вай шумораи навбатии ҳафтаномаи “Садои Сӯх”-ро чоп карда буд. Мехост онро ҳарчи зуд ба Сӯх барад ва ба дасти хонандагонаш расонад. Аммо ҳамон рӯз-яъне 19 март роҳи байни Сӯх-Қадамҷо баста шуд ва вай низ бо бастаҳои рӯзнома дар шаҳри Фарғона банд монд.

-Чунин ҳодисаҳои басташавии роҳи байни Сӯх ва Қадамҷо бори аввал рух надодаанд. Роҳи Риштон-Сӯх бар асари як низои байни сӯхиёну қирғизҳои ҳамсоя аз соли 2013 масдуд боқӣ мондааст,-мегӯяд Содиқҷон Тоҳиров.-Дастикам се моҳ ҳамаи роҳҳо ба Сӯх баста буданд ва мардуми зиёд ба мушкилоти печидаву бесару нӯг мувоҷеҳ шуданд. Касе натавонист, ки ин мушкилро рафъ созад. Мардуми Сӯх тайин се моҳ натавонист  ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ равуо кунад. Хосатан, бемороне, ки мебоист барои муолиҷа ва машварати мутахассисони соҳаи тиб ба шаҳри Фарғона ва ё Тошканд мерафтанд, ин муддати дароз дар Сӯх монданд.

Бино ба ҳарфҳои аъзои ситоди назди ҳокимияти вилояти Фарғона Фарҳод Ҷӯраев “Болои мурда –сад чӯб” гуфтагӣ барин дар ин муддати се моҳи масдуд будани роҳ ду нафар сӯхиён дар шаҳрҳои Фарғона ва Тошканд бар асари беморӣ фавтиданд. Мебоист ҷасади онҳо ба ноҳияи Сӯх интиқол меёфт ва пайвандон онҳоро тибқи таомул ва суннатҳои худ дафн мекарданд.

-Баъди хоҳишу илтимоси зиёд ва пардохти чандсад долларӣ марзбонони қирғиз ба интиқоли ду ҷасад розӣ шуданд. Аммо онҳо шарт гузоштанд, ки ҷасадҳоро бидуни ҳамроҳии пайвандонашон ронандаҳои қирғиз то марзи Сӯх интиқол медиҳанд, дар ғайри ҳол иҷрои ин кор имконнопазир мебошад. Соҳибони мурдаҳо иҷборан розӣ шуданд ва он ду ҷасад аз марз ба марз интиқол ёфтанд. Зану фарзандони ду марди фавтидагӣ дар Фарғона монданд ва онҳоро хешу ақрабо дастаҷамъона ба хок супориданд,-мегӯяд бо таассуфи зиёд Фарҳод Ҷӯраев.

Гуфта мешавад, ки ҳамон вақт чанд бемори вазнини шифохонаи марказии ноҳияи Сӯх низ адами таҷҳизоти замонавӣ ва дорувори зарурӣ беш аз пеш вазнинтар шудаанд ва пайвандонашон натавонистаанд онҳоро ба шифохонаҳои вилоятӣ ё ҷумҳуриявӣ интиқол диҳанд. Дар натиҷа онҳо ҷони худро аз даст додаанд.

-Чанд рӯз пеш низ як хонуми бемор дар шифохонаи вилоятӣ, ки бастарӣ буд, вафот кард. Ҳарчанд ин зан бо шавҳару фарзандон дар шаҳри Фарғона мезист, аммо хусуру хушдоман ва падару модар, ҳамчунин хоҳару бародарони ӯ тақозо намуданд, ки ҷасади ӯро ба Сӯх интиқол диҳанд. Ин ҷасади зан низ бидуни шавҳар ва фарзандонаш ба ноҳияи Сӯх интиқол дода шуд. Марзбонони кишвари ҳамсоя нагузоштанд, ки ҳадди ақал шавҳару фарзандонаш низ барои гӯру чуби ӯ ҳамроҳи вай марзи Қирғизистонро убур кунанд,-мегӯяд Фарҳод Ҷӯраев.

-Ҳокими вилоят, узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯҳрат Мадаминович Ғаниев барои ба ҷои зист ва хӯрокворӣ таъмин кардани сокинони дармондаи ноҳияи Сӯх ҳамеша дасти кумак дароз мекунад. Ҳоло аз вай хоҳиш кардем, ки дархости мардуми моро ба Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев расонад ва сарвари давлатамон аз роҳи гуфтушунид бо мақомоти ҷониби Қирғизистон масъалаи коридор ё роҳи мустақими миёни Сӯх бо минтақаҳои дигарро ҳал намояд,-мегӯяд сокини ноҳия Сӯх Субҳонҷон Исоев.

Тавре ки мавсуф тазаккур дод, ин масъалаву муаммо аз тарафи мардуми Сӯх гаштаву баргашта ва такрору батакрор дар миён гузошта мешавад, вале ҳаллу фасли он ҳанӯз ба таъхир афтодааст. Ин дар ҳолест, ки масофаи байни Сӯх ва марзи ноҳияи Фарғона аз тариқи ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент ҳудудан 100 километрро ташкил мекунад,  аммо  роҳе, ки барои коридор ҷудо хоҳад шуд ва он самти дигар қаламрави Қирғизистони ҳамсояро убур хоҳад кард, ҳамагӣ на бештар аз 8 километр масофа мебошад

Ба гуфтаи бузургсолони Сӯх ин ноҳия ҳаргиз эксклав набудааст ва аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон низ намемонд. Ин кор аз нодонии бархе аз роҳбарони собиқи Ӯзбекистон аз роҳи сунъӣ сурат гирифтааст.

-Замоне роҳбарони Ӯзбекистон ба қирғизҳои ҳамсоя садҳо гектар талу адирҳо ва яйловҳоро барои истифодаи муваққат додаанд. Ин кор ба манзури надодани андозе буд, ки он вақтҳо ҳар як ҷумҳурӣ мебоист ба Маскав пардохт кунад. Вақте ки шӯравӣ пош хӯрд, касе дар фикри он нашуд, ки ин заминҳоро дубора ба ихтиёри Ӯзбекистон бозгардонад,-мегӯяд Носирхӯча Каттахӯҷаеви 95 сола.

Ба таъкиди ин мӯйсафеди сӯхӣ аксарият дарк накарданд, ки рӯзе байни собиқ кишварҳои узви як иттиҳоди абарқудрат, аммо аллакай чилпарчиншуда марзбандиҳо сурат мегиранд. Ана баъд байни ҳар кишвар гузаргоҳҳое гузошта мешаванд, ки убуру мурури он баъзан ба қимати ҷони одамҳо баробар мегардад.

-Як хатои роҳбари бесулуқай ва бемасъулият метавонад мардуми зиёди як мамлакатро мувоҷеҳи азобу азият монад,-мегӯяд бобои Носирхӯҷаи сӯхӣ бо таассуф.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here