Афзудани бемории фарбеҳӣ тайи чанд соли охир дар кишвар нигарноии мутахассисони соҳаи тибро ба миён овардааст. Барои пешгирии ин беморӣ аз ҷониби мутахассисони пажуҳишгоҳи гастроэнтрологияи Мансурови Вазорати тандурустӣ, лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии “Омӯзиши барномаи фарбеҳӣ дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди чорабиниҳои пешгирии он” дар ҳоли амалӣ шудан аст.

Тибқи натиҷаҳои аввалияи ин тадқиқот 17% аҳолии ҷумҳурӣ вазни барзиёд дошта, 11,3 дарсадро бемории фарбеҳӣ ранҷ медиҳад. Дар ин миён 4, 7% гирифторони бемории фарбеҳиро кӯдакони то синни мактабӣ (6-7 сола) ташкил медиҳанд.

Мудири бахши радиологии Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология, доктори илмҳои тиб Абдусамад Дӯстов сабаби ба фарбеҳӣ гирифтор шудани мардумро ба панҷ омил асосӣ – пурхӯрӣ, камҳаракатӣ, тайғироти мубодилаи моддаҳо, асабонӣ шудани инсон ва одатҳои номатлуб, мисли истеъмоли машруботи спиртӣ, пайванд донист.

— Истеъмоли пайвастаи хӯрокҳои серғизо боис мешаванд, ки дар бадани инсон чарбҳои зиёдатӣ пайдо гарданд. Хӯрокҳое, ки дар нӯқтаҳои зудпаз омода мегарданд, метавонанд ба фарбеҳшавӣ оварда расонад. Истеъмоли хӯрокҳои нонӣ аз қабили шакаробу қурутоб низ омили фарбеҳшавӣ мегардад, — афзуд Абдусамад Дӯстов, — Имрӯзҳо фарбеҳӣ дар шаҳр  нисбат ба деҳот тамоюли афзоиш дорад. Ин ҳам ба он сабаб аст, ки мардуми шаҳр камтар ба кори ҷисмонӣ машғул мегарданд.

Яке аз роҳҳои мубориза бо бемории фарбеҳиро табиб дар пайваста машғул гардидан ба варзиш рабт донист.

— Нафарони гирифтори бемории фарбеҳӣ бояд дар як шабонарӯз 5 ҳазор метр роҳро тай карда, машқҳои гимнастикӣ анҷом диҳанд. Хӯрдани маҳсулоти нонӣ, шириниҳо, сафедагиҳо ва нӯшидани обҳои газнокро кам карда, бештар сабзавоту меваҷот истеъмол намоянд.  Дар ҳамин ҳол бунёди майдончаву толорҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе то андозае  барои поён бурдани гирифторӣ ба бемории фарбеҳӣ замина хоҳад шуд, — иброз дошт Абдусамад Дӯстов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here