Дар шаҳри Хуҷанд бародаре аз сари мастӣ ба шиками бародари худ бераҳмона бо корд задааст, ки боиси ҷароҳат бардоштани дуюмӣ шудааст.
Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Ин мард 16-уми декабр, тахминан соати 20:00, дар ҳолати мастӣ ҳангоми дар хонаи истиқоматии модараш, зани 56-солаи сокини шаҳри Хуҷанд қарор доштан, бо бародараш, марди 27-сола, муноқиша карда, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба шиками ӯ задааст. Дар натиҷа, бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.