Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз чанд ҳолати дуздӣ дар ҷумҳурӣ хабар дод, ки ғоратгарон ба маблағҳои чашмрас молу амволи мардумро ба яғмо бурдаанд.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 66-солаи сокини деҳаи Арбобхотуни ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 12:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон 1 адад қубури обгузари 8-метра, ки арзишаш 5000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 13-солаи сокини деҳаи Арбобхотун бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо ариза марди 28-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки санаи 16-уми декабри соли 2018, шахсони номаълум аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар ноҳияи Хуросон, 1 адад систернаи оҳанини ғунҷоишаш 20-тоннагӣ, ки арзишаш 20 000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд. Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Шаҳринавро бо гумони дуздӣ дастгир карданд.
Ба ШВКД дар ноҳияи Сомонӣ соҳибкор, марди 35-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии пойтахт муроҷиат кардааст, ки рӯзи 10-уми декабри соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ қуфли дари корхонааш ҶДММ “Алфарид”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакиро шикаста, аз он ҷо 10 адад протсесорҳои компютери тамғаи “Селерон 1.8”-ро, ки арзишашон 10 000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд. Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 156-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда, далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд.
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 35-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳисор, соҳибкор, муроҷиат кардааст, ки моҳи октябри соли 2018 марди 27-солаи сокини деҳаи Булбулчашмаи шаҳри мазкур бо роҳи пинҳонӣ аз анборхонаи ҶДММ “Нонпаз”, воқеъ дар кӯчаи Ғафурови ҳамин шаҳр 2000 бастаи тамокуҳои гуногунтамға, ки арзишашон 30 000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Тафтиши ин қазия идома дорад.