Дар шаҳри Хуҷанд силсиладуздие ошкор шудааст, ки ҷинояткор бо роҳи осон вориди хонаҳо шуда, аз он ҷо ҳар чизи дилхоҳашро ба яғмо мебурдааст.

Ба фарзияи тафтишот ҷабрдидаҳо худашон барои ҷиноят шароит фароҳам меовардаанд. Соҳибони хонаҳо аз бепарвоӣ калидро зери пояндози дар, ё дохили сипари барқӣ гузоштаанд, ки чунин ҳолат аз тарафи шаҳрванд Шаҳобиддини Мақсудбек, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ дур намондааст ва ӯ аз ин фурсати муносиб истифода бурдааст.

Вай бо ин кашфиёти худ дар давоми моҳи декабр дар ҳудуди маҳаллаҳои 32 ва 33 шаҳри Хуҷанд рӯзона озодона ба чор ҳуҷра ворид шуда, пул ва дигар ашёи арзишмандро дуздидааст. Аз ин амали ӯ 7 нафар хисороти моддӣ бардошта, натиҷаи зарар ба 28 880 сомонӣ баробар будааст. Ҷабрдидагони 3 ҳуҷра донишҷӯёни иҷоранишин мебошанд. Аз ҳуҷраҳои онҳо аз 100 то 380 сомонӣ пули нақд, ноутбук ва телефонҳои мобилӣ дуздида шудаанд.

12-уми декабр гумонбаршаванда аз зери пояндози дар калиди хонаро гирифта, ба суроғаи маҳаллаи 32, бинои 49, ҳуҷраи 19 ворид шуда, ҷавоҳироти тиллои соҳибхона Гулноз Мирзоназароваро ба маблағи умумии 22 800 сомонӣ аз худ кардааст.

Ба иттилои тафтишот Шаҳобиддини Мақсудбек қаблан низ дар олами ҷиноӣ пайдо шуда будааст. Номбурда моҳи октябри соли 2017 барои дуздӣ суд шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 25 ҳазор сомонӣ, таъйин шудааст, аммо то ҳанӯз адои ҷазо беиҷро боқимонда, боз дар ҳолати ретсидиви хавфнок даст ба ҷиноят задааст.

Замоне, ки доғи судӣ бардошта нашудааст гардиши такрорӣ дар ҷодаи ҷиноят ҷазои вазнинтар дар пай дорад. Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Шаҳобиддини Мақсудбек бо моддаи 244 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here