Як “ҷинояткори касбӣ”, ки аз шаҳри Душанбе қариб 500 ҳазор долларрро дуздида буду дар Шугнови Ховалинг пинҳон мешуд, дастгир гардид ва дирӯз тариқи барномаи криминалии телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Шаби 16-уми декабри соли 2017 ба шакли пурасрор дуздида шудани маблағи калони пулӣ ба миқдори тақрибан ним миллион доллари амрикоӣ, аниқтараш 470 ҳазор доллари ИМА аз ҳуҷраи кории яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Душанбе ҳар гуна хабару овозаҳоеро ба миён оварда, ҳисси беъэтимодӣ ва нобоварии ҷабрдидагон ва аҳолии маҳалларо аз кушода нашудани гиреҳи ҷиноят ва дастгир нагардидани гумонбарони ин ҷинояти муқобили моликият равонагардида ба бор оварда буд.

Баъди боздид ва азназаргузаронии роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе аз ҷои ҳодиса ва созмон додани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ бо фармони сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р. ба ҳама гуна ҳадсу гумонҳои пайдогардида нуқта гузошта шуда, гумонбари асосие, ки 470 ҳазор доллари амрикоиро дуздида буд, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дастгир карда шудааст.

Муайян гардидааст, ки дар содир кардани ин ҷинояти пурсадо шаҳрванд Сафаров Рустам Абдулвоҳидович, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки қаблан 3 маротиба бо ҷурмҳои гуногун маҳбасӣ гардидааст, даст дорад.

Зимни пурсиш аз нишондоди гумонбаршаванда Сафаров Рустам маълум гардидааст, ки ӯ қаблан барои ба даст овардани маблағ омодагӣ дидааст. Сипас, бо ҳар гуна ашёи оҳанини шикананда масаллаҳ гардида, тақрибан соати 3-30-и шаби 16-уми декабри соли 2017 бо шикастани тиреза вориди ҳуҷраи кории ширкати сохтмонӣ гардида, дар ҷустуҷӯ ва кофтукови маблағҳои пулӣ шудааст. Баъд аз ёфтани сандуқи оҳанин ба воситаҳои оҳанине, ки бо мақсади шикастани он бо худ оварда буд, сандуқро шикаста, аз дохилаш 470-ҳазор доллари ИМА, 10-ҳазор сомонӣ ва 1-ададӣ соату ангуштарини мардонаи тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Сипас гумонбаршаванда бо пинҳон кардани маблағҳои калони бо роҳи ҷиноят ба дастомада дар деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон паноҳ бурда, гумон мекунад, ки кирдори содирнамудааш аз чашми қонун пинҳон мемонад,  вале маҳз малакаи касбии баланди кормандони милитсияи шаҳри Душанбе буд, ки дар натиҷаи амалинамоии чорабиниҳо бо роҳу усулҳои оперативӣ парда аз рӯи ҷиноят кушода, 330 ҳазор долларро ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира гардидааст.

Ҳамчунин зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки боздоштшуда Сафаров Рустам дар содир намудани зиёда аз 12 лаҳзаи дигари ҷиноятҳои дуздӣ гумонбар дониста мешавад.

Айни ҳол нисбатаи гумонбаршаванда Сафаров Рустам Абдулвоҳидович бо моддаи 244 қисми 4 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here