Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон қарзи истифодаи неруи барқ аз ҳисоби ташкилоту идораҳо то имрӯз ҳамагӣ 12 млн. 124 ҳазору 350 сомониро ташкил медиҳад, ки ин вазъ масъулонро нигарон кардааст.

Ба иттилои мудири бахши иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ С. Раҳмонов, аз ҳама бештар аз ҳақи истифодаи неруи  барқ хоҷагии оби ноҳия зиёда 4 млн. 573 ҳазор,  соҳаи кишоварзӣ  5 млн. 902 ҳазору 530 сомонӣ, соҳаи бучетӣ 295 ҳазору 770  сомонӣ ва аҳолӣ 1 млн. 353 ҳазор сомонӣ  қарздор мебошанд.

— Барои баргардонидани қарзҳо аз ташкилоту идораҳо ва аҳолӣ тамоми тадбирҳо андешида шудаст, — гуфт ӯ.

“Дар даҳ моҳи соли равон ба маблағи 70 млн. 763 ҳазору 59 кВт/соат, неруи барқ қабул карда шуд, ки маблағи он 12 млн. 694 ҳазору 192 сомониро ташкил медиҳад. 12 млн. 712 ҳазору 749 сомонию 61 дирам ҳисобӣ шудааст. 10 млн. 528 ҳазору 745 сомонию 67 дирам пардохт гардидааст. Иҷроиш 82,8% -ро дар бар мегирад.  Маблағи ҳисобӣ кардашудаи барқи аҳолӣ 5 млн 337 ҳазору 492 сомонӣ буда,  4 млн. 837 ҳазору 934 сомонӣ пардохт шуд, ки иҷроиш 90,64 дарсадро ташкил медиҳад”, — илова кард С. Раҳмонов.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here