Сардор ва муовини сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо гумони гирифтани пора аз як ронанда ба даст афтодаанд.

Як манбаъ аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Фараж” ин хабарро тасдиқ карда гуфт, “ин ду нафар аз ҷониби кормандони Агентӣ барои талаб ва гирифтани 5 ҳазор сомонӣ ба сифати пора аз як ронандаи маст дастгир карда шудаанд”.

Номбурда бо сабаби дар тафтишот қарор доштани қазияи мазкур ва шарти эҳтимолияти бегуноҳӣ аз ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ кард ва танҳо гуфт нисбат ба бозрасҳо бо моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Сардори собиқи ШБДА дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Самадзода Ҷонмаҳмад, ки барои гирифтани 5 ҳазор сомонӣ ба сифати пора гумонбар дониста мешавад, феълан аз вазифа барканор ва бо шарти берун нарафтан аз макони зист дар озодӣ аст. Ӯ дар як суҳбати телефонӣ иттиҳомоти мазкурро нисбаташ туҳмат хонд ва гуфт, мушкил дар асоси баёноти ду нафари барояш ношинос эҷод шудааст.

— Ҳодиса рӯзи 11-уми октябр рух дод. Ман нафари бар зиддам баёнотдодаро намешиносам. Ҳамааш туҳмат аст. Ман аз касе пул талаб накардаам. Ин корро кадом як милисаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кардаасту гӯё маблағро ба ман дода бошад,-гуфт дар як тамоси кутоҳи телефонӣ собиқ сардори ШБДА Ҷ. Самадзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here