Чаро вазъият дар истгоҳи мусофиркашониҳои самти Душанбе-Бохтар, дар маҳалли бозори Саховат, назорат намешавад? Ташкили чунин истгоҳҳо ба нафъи кист? Вазъият дар ин макон рӯз ба рӯз бадтар мегардаду беҳтар на. Ин дар ҳолест, ки қаблан лофи кушодани терминали замонавӣ дар маҳалли Чимтеппа зада мешуд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ронандаҳои таксӣ дар ин самт аксаран ҷавононанд ва сару садоҳои зиёди эшон барои даъвати мусофирон ба самти шаҳри Бохтар роҳгузаронро нигарон кардааст. Илова бар ин, гузоштани мошинҳояшон дар роҳи пиёдагард ва халал ворид кардан ба ҳаракати роҳгузарон ин мушкилотро дучанд меафзояд. Дуруст аст, ки яку якбора барои чанд лаҳзае нозирони БДА пайдо мешаванд ва ду-се ронандаро боздошт карда, “протоколи сабук” мекунанд, вале бо рафтани онҳо вазъият ба ҳолати аввала бармегардад. Чунин ҳолат дар маҳалли бозори Саховат ягона нест. Он дар макони мусофиркашониҳои самти шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе ҳам ба назар мерасад. Ронандаҳо, новобаста аз он ки роҳи иловагӣ барои нақлиёти ҷамъиятиро банд мекунанд, ҳамчунин, дар баъзе ҳолат то ду қатор дар роҳи асосӣ истода мусофир меҷӯянд. Мушкили сокинонро кӣ бояд ҳал кунад?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here