Фардо, 7-уми сенябр, бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и пойтахт Иди харбуза ва тарбуз баргузор мегардад. 

Дар Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашну маросим ҳар сол баргузории идҳои харбуза, тарбуз ва асал дар минтақаҳои мамлакат ба ҳукми анъана даромадааст.

Имсол аз оғози моҳи август дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ Иди харбуза ва тарбуз гузаронида шуд. Беҳтарин харбузаю тарбузпарварони мамлакат ба  шаҳри Душанбе роҳхат  гирифта, фардо маҳсулоти кишоварзии худро  ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Гуфта мешавад, ки аз 500 навъи харбуза, ки дар Осиёи Миёна парвариш карда мешавад, 230  навъаш номи тоҷикӣ дорад, ки ин гувоҳи ватани харбуза будани Тоҷикистон аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here