Як ҷавони 20-сола бо роҳи шикастани тирезаи мошин аз дохили он 700 ҳазор сомониро дуздидааст, вале аз ҷониби милитсия дастгир шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидаст, ки санаи 17 ба 18-уми декабри соли 2019, шахсони номаълум дар кӯчаи Деҳотии пойтахт бо роҳи пинҳонӣ тирезаи ақиби автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро шикаста, аз дохилаш 700 000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи Клара Сеткинаи шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here