Шаҳраки Гипрозем дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ буда, ҳолати роҳҳои вайрону таъмирталабаш нигаронии сокинонро ба миён овардааст. Роҳҳои ноҳамвори атрофи “Бозори деҳқон” ва назди манзилҳои сокинон, ки аксари истиқоматкунандагонашро донишҷӯёну хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд, ҳангоми бориш ба рафтуомади сокинон халал эҷод мекунад.

Мирзонабӣ Алиев дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки 23 сол мешавад,  дар ин маҳалла истиқомат дораду то ҳанӯз вазъияти ногувори ин маҳалла роҳи ҳалли худро наёфтааст.

— Аз соли 1997 дар ҳамин маҳалла истиқомат мекунам. Аз ибтидо ҳолати роҳҳои маҳалла вайрон буданду ғарами партов ҳусни ин ҷойро коста мекард. Айни замон ҳеҷ масъуле нест, ки авзои маҳалларо назорату мушкилии ҷойдоштаро бартараф кунад. Чаро масъулин ин ҳолатҳоро нодида мегиранд? Умед бар он мебандем, ки ба василаи муроҷиати мо тавассути ин вебгоҳи шумо, масъулин аз пайи рафъи ҳолати ин макон мешаванд, — таъкид дшот Мирзонабӣ Алиев.

Нафари дигар, ки мо бо ӯ дар атрофи бозори деҳқон вохӯрдем, Сулаймон Ҷумъаеви аробакашбуд, ки низ роҳи ноҳамвори ин макон ба кори ӯ халал ворид мекунад.

Шаҳрияи Мадгиё донишҷӯйи ДМТ буда, дар хобгоҳи ин маҳалла зиндагӣ мекунад ва ҳамарӯза тариқи ин роҳто гузаргоҳи асосӣ мебарояд. Ӯ низ вазъияти роҳҳоро таъмирталабу ногувор арзёбӣ кард.

— Мо, ки зодаи кӯҳистонему ба таври мавсимӣ дар ин хобгоҳ зиндагӣ мекунем, гаштугузор ҳангоми ҳавои соф дар ин ҷой он қадор мушкилӣ намеорад, вале дар мавсими боришот гузаштан аз ин роҳ душвор мегардад. Мо, маъмулан то ба ҷодаи  асосӣ расидан, роҳи дохили бозор ва байни биноҳои истиқоматиро убур мекунем. Ҳамин ки борон рехт, аз сабаби набудани обравҳо оби он пастиву баландиҳои роҳро пур мекунад. Маҷбур мешавем, ки шомгоҳон бо сабаби камбуди нақлиёт дар ҳавои торик аз дохили ин ҳавзи об гузашта то ба хобгоҳ расем, — арз кард Шаҳрияи Мадгиёҳ, — Мутаасифона масъули нигаҳдории ин роҳҳо номаълуманд, ки киҳоянд.

Парвина Мирзоева, корманди хобгоҳи №7 ДМТ бар он назар аст, ки дар ифлоскунии маҳалла маҳз худи сокинон айбдоранд, вале дар масъалаи харобии роҳҳо масъулин бояд вазифадор бошанд:

— Аслан гирем сокинони ин маҳалла, маданияти шаҳрдориро ба таври бояду шояд риоя намекунанд. Партови худро на ба нуқтаҳои махсус, балки дар назди биноҳояшон мепартоянд. Донишҷӯёни хобгоҳ дар ин кор масъулиятшиносанд. Набудани қуттиҳои махсус дар назди биноҳо ва таъмирталаб будани роҳҳо мушкили асосии ин маҳалла аст. Чун шаҳрванд дархост мекунам, ки мутасаддиён ҷиҳати бартарафсозии ин ҳолат расидагирӣ кунанд.

Вазъи ногувори маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои пойтахт дар ҳолест, ки дар деҳаҳои дурдасти кишвар ба муносибати “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ҷалби соҳибкорон таъмиру мумфарши роҳҳо амалӣ мешаванд, лек вазъият дар маҳаллаи Гипрозем бетағйир боқӣ мондааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here