Таркиши як мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser» боиси бо ҷароҳатҳои зиёди сӯхтаи бадан дар Маркази шаҳрии клиникии рақами 3 бистарӣ шудани ду ҷавони 18 ва 19-сола гардидааст.
Ин таркиш субҳи имрӯз, 4-уми июл, дар нуқтаи таъмири нақлиёт, дар «Автоколоннаи 2927» рух додааст. Замони ба ҷои ҳодиса расидани мо ин макон аллакай рӯфтаву обзада ва аз мошини сӯхта танҳо замини сиёҳшуда боқӣ монда буд. Масъулин пас аз ҳодиса дари ҳама устохонаҳоро баста буданд. Шоҳидон дар суҳбат ба «Фараж» гуфтанд, таркиш пас аз он рух дод, ки устои таъмиргар дар наздикии махзани сӯхти (бак) мошин бо арраи барқӣ кор мекардааст. Дар натиҷаи паридани шарора, мошин оташ гирифта, то расидани сӯхторхомӯшкунандагон пурра сӯхтааст. Мошин бо таҷҳизоти газӣ низ муҷаҳҳаз будааст, ки он ҳам таркидааст.
Аз беморхонаи мазкур дар суҳбат ба «Фараж» аз ҷабрдидаҳо Саидраҳмонов Мурод ва Файзуллоев Насим ном бурданд, ки аввалӣ 19 ва дуюмӣ 18 сол дорад. Табиб Тоҳир Зубайдов вазъи беморонро вахим арзёбӣ карда, гуфт, онҳоро соати 8-и субҳ, бо 75 ва 95 дарсад сӯхтагии бадан ба бемористон расонидаанд.
Нарзулло Саидраҳмонов – падари Мурод дар суҳбати телефонӣ гуфт, ӯ сокини шаҳри Душанбе аст ва соҳиби мошин Сайфулло Саидраҳмонов бародараш мебошад, ки дар роҳи Душанбе-Помир таксиронӣ мекунад. «Ӯ субҳи барвақт аз Бадахшон ба Душанбе расида буд. Насим Файзуллоев хешамон аст, ӯ барои имтиҳонсупорӣ ба Душанбе омада буд».
Сардори «Автоколлонаи 2927» Хуршед Хизиров дар суҳбат аз ҷузъиёти бештари ҳодиса изҳори бехабарӣ карда, танҳо гуфт, ки сабабгори сӯхтор худи ронанда шудааст.
Ҳодиса аз ҷониби мақомот таҳқиқ мешавад.