Шаҳрдории Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ кардааст, ки тибқи он дар пойтахт як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ–амалӣ, аз ҷумла, маҷлиси тантанавӣ ва конференсия таҳти унвони «Умри миллат аз умри забон вобаста аст» ва барномаи фарҳангию фароғатӣ дар Боғи Садриддин Айнӣ дар назар дошта шудааст. 

Дар  барномаи идона ҳамчунин намоиши китоб баргузор гардида, дар он  дастовардҳои олимону муҳаққиқони соҳа манзури иштирокдорон  мегардад.

Дар қарори раиси шаҳри Душанбе гуфта мешавад, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил кардани Рӯзи забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба он дар тамоми  шаҳр навиштаҷоте, ки бузургиву шаҳомати забонро баён мекунанд, насб гардида, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе»  вазифадор гардидаанд, ки  дар ин мавзӯъ барнома ва маводи ҷолиб омода созанд.

Инчунин, тамоми муассисаву ташкилотҳои зерсохтори шаҳрдории Душанбе вазифадор шудаанд, ки бахшида ба ин рӯз бо иштироки олимону адибон  маҳфилҳои адабӣ баргузор кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here