Субҳи 14-уми декабр дар муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон ва ҳамбастагии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ташкилоти CABAR, ҷашнвораи байни динҳо таҳти унвони ”Тоҷикистон – хонаи мо” баргузор гардид.

Дар кори ҷашнвора роҳбарияти Кумитаи дин ва намояндагони динҳои гуногун дар Тоҷикистон иштироку суханронӣ карданд. Ҷашнвораро Лола Олимова, ҳамоҳангсози барномаи Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба мақсаду ҷараёни баргузории он шинос кард.

Номбурда қайд кард, ки Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ лоиҳаеро бо номи “Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ” татбиқ мекунад. Аз ин лиҳоз, имрӯз намояндагони динҳои гуногун бо он мақсад ҷамъ омаданд, ки муколамаи озод байни онҳо ба роҳ монда шавад.

Гуфта мешавад, ки муколамаи байни динҳо баррасии мушкилоти умумӣ ва ҷусҷӯйи  роҳҳои ҳамкорӣ, эҳтироми эътиқодоти динии ғайр, таъмини имкониятҳои ҳамкории  озод ва фаъолият барои тамоми диндоронро ба назар хоҳад гирифт.

Дар идомаи ҷашнвора иштирокдорон гуногуншаклии динӣ ва миллӣ дар Тоҷикистонро муҳокима карданд.

Ҷашнвора бо тамошои якҷоя ва баррасии филм дар бораи таҳаммулпазирӣ, дӯстии халқҳо ва намояндагии динҳо анҷом пазируфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here