Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо дастаи мунтахаби футболи Яман дуранг кард ва имкони ба даври финалӣ роҳ ёфтанро маҳдудтар кард.
Дар ин вохӯрӣ барои шогирдони Ҳаким Фузайлов лозим буд, ки ғалаба кунанд ва аз дастаи Яман пеш гузаранд, дар акси ҳол Яман дар вохӯрии охирин бо ҳарифи нисбатан заиф – Непал ба майдон мебарояд ва имкони ғалаба карданаш бештар аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки футболбозони тоҷик бояд вохӯрии охиринро дар сафар бо дастаи Филиппин, ки аз Душанбе се имтиёз бурда буд, гузаронанд.
Ҳамин тавр, ин вохӯрӣ бе задани гол анҷом ёфт ва имкони ба даври финалӣ роҳ ёфтани дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро маҳудудтар кард. Бояд гуфт, ки даста амалан имкони ба даври финалӣ роҳ ёфтанро дорад. Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Яман имтиёзҳои баробар – 7-холӣ доранд. Дар сурати ғалабаи тоҷикистониён бар Филиппин ва дуранг ё бохти Яман аз Непал, шогирдони Ҳаким Фузайлов имкон пайдо мекунанд, бори аввал дар таърихи футболи тоҷик ба даври финалии Ҷоми Осиё роҳ ёбанд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ Непал дар майдони худ бо Филиппин дуранг кард (0:0) ва имтиёзи дуюмро ба даст овард.
Бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «F» 27-уми марти соли 2018 баргузор мешаванд. Дар ин рӯз Тоҷикистон дар сафар бо Филиппин бозӣ мекунад ва Яман дар майдони худ Непалро қабул хоҳад кард.
Ҷоми Осиё-2019
Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 5-ум
Тоҷикистон – Яман – 0:0
Сардовар: Ҳусейн Абӯяҳё (Лубнон).
14 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 12 000 тамошогар.
Непал – Филиппин – 0:0
Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Алалӣ (Урдун).
14 ноябр. Катманду. Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Непал. 1023 тамошогар.
Мавқеи дастаҳо баъди даври 5-ум:
Љ |
Дастањо |
В |
Ѓ |
Д |
Б |
Т\т |
И |
1 |
Филиппин |
5 |
2 |
3 |
0 |
11-7 |
9 |
2 |
Яман |
5 |
1 |
4 |
0 |
5-4 |
7 |
3 |
Тољикистон |
5 |
2 |
1 |
2 |
9-7 |
7 |
4 |
Непал |
5 |
0 |
2 |
3 |
2-9 |
2 |