Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 28-солаи сокини ноҳияи Восеъ аз гум шудани автомашинааш муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи ӯ рӯзи 25-уми октябри соли 2017, тахминан соати 06:40, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тайота-Карола”-ро, ки дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бе назорат меистод, ғайриқонунӣ бурдааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба зудӣ ҷавонзани 24-солаи сокини Душанбе, бо гумони ғайриқонунӣ аз худ кардан ва бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шудааст.

Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here