21 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар соли 2017 барои будубоши ғайриқонунӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, 2 нафари онҳо бо қарори суд аз қаламрави кишвар хориҷ карда шудаанд.

Муовини сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қирғизбек Зокиров хабар дод, ки бештар қонуншиканӣ аз тарафи шаҳрвандони Чин ва Афғонистон ба қайд гирифта шудааст, зеро шаҳрвандони ин ду кишвар бештар дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд. Айни ҳол дар ҳудуди вилояти Хатлон 37 субъекти хоҷагидори дорои иҷозаи ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар амал доранд, дар онҳо 2 ҳазору 500 нафар хориҷӣ ва 690 сокини вилояти Хатлон фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки беш аз 8 ҳазору 500 нафар шаҳрванди вилояти Хатлонро аз Русия дар соли 2017 ихроҷ кардаанд, ки ин теъдод нисбати соли 2016-ум 2 ҳазор зиёд аст. Дар соли 2017 аз ин вилоят наздик ба 204 ҳазор шаҳрванд ба Русия сафар карданд, ки аз ин шумора 29 ҳазорашро занон ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи сокинони вилоят, ки ба Русия сафар кардаанд, 90 дарсадро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

Ихроҷи шаҳрвандон аз давлати Русия соли 2017 зиёд шудаст ва далели ихроҷи шаҳрвандони вилоят надонистани забони русӣ ва будубоши ғайриқонунӣ будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here